Хуш омадед ба VFS Global

Ширкати VFS Global ба Ҳукумати Канада хидматҳои истисноии худро таъмин намуда, барои расонидани хидматҳои маъмурие мисли ҷамъоварии аризаҳо барои дархости раводид дар Тоҷикистон ваколатдор аст. Маркази дархост барои раводидҳо аз ҷониби Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар ҳамкорӣ бо VFS Global идора карда мешавад.

Барои дарёфти раводид дархост пешниҳод кунед

Маълумот гиред ва ба пур кардани дархости худ шурӯъ намоед

Мулоқотро фармоиш диҳед

SМулоқоти худро бо мо ба нақша гиред

Марказро пайдо кунед

Маълумот дар бораи маркази маҳалли шумо

Хидматрасониҳорохаридорӣкунед

Аз барномаи қулай ва боҳашаматтар баҳра баред бештар мӯҳташам баҳра бардоред

Маълумоти муҳим

  • Маркази дархост барои раводид дар Душанбе рӯзи душанбе, 25-уми январ  барои ҳамкори кушода мешавад ва то эълони оянда хидматҳои маҳдуди зеринро пешниҳод мекунад.

    Ҷамъоварии маълумоти биометрӣ танҳо барои довталабон бо мактубҳои дархости биометрӣ.

    То эълони оянда, соатҳои кори Марказ чунин хоҳад буд:

    Соатҳои корӣ: душанбе ва чоршанбе (танҳо ду рӯзи корӣ): 09:00 - 12:00

    Бо сабаби COVID-19, Маркази дархост барои раводид метавонад чораҳои иловагиро оид ба таъмини саломатӣ ва амнияти довталабон татбиқ кунад.

  • Навсозии муҳим: Нархномаи нави хидматрасониҳо рӯзи якшанбе, 1-уми ноябри соли 2020 эътибор пайдо кардааст. Пеш аз пешниҳоди дархост маълумоти навро дар ин вебсафҳа лутфан тафтиш кунед.

  • Маълумоти муҳим

    Тибқи дастурҳои Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада (IRCC) аз 9 апрел, 29 апрел, 19 май, 9 июн ва 1 июл соли 2020, довталабон аризаҳои барои истиқомати муваққатро дар шакли коғазӣ ба Маркази дархост барои раводиди Канада пешниҳод карда наметавонанд. Дастурҳои нави Вазорат, ки 1 октябр соли 2020 бароварда шудаанд, ин тадбирҳоро бо баъзе истисноҳо то 31 январ соли 2020 тамдид гардонидаанд. Барои иттилооти дар бораи ин истисноҳо вебсафҳаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада https://www.canada.ca/en/immigration-refugees-citizenship/corporate/mandate/policies-operational-instructions-agreements/ministerial-instructions/other-goals/mi42.html боздид кунед.

    Аксарияти аризаҳо барои истиқомати муваққатӣ бояд тавассути вебсайти IRCC тариқи интернет пешниҳод карда шаванд: https://www.canada.ca/en/services/immigration-citizenship.html.

    Агар шумо дархостро барои истиқомати муваққатӣ ба Маркази дархост барои раводиди Канада дар шакли коғазӣ пешниход кардаед ва дар яке аз ин истисноҳо ҳуқуқ надошта бошед, ин дархост ба шумо баргардонида мешавад.

    Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, ки аз 1 июли соли 2020, Вазири шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати Канада боздошти баррасии аризаҳоро барои раводиди истиқомати муваққатӣ (раводиди ташрифоварӣ) бекор кардааст. Гарчанде ки коркарди дархостҳо оғоз ёфт, маҳдудиятҳои сафар ба Канада боқӣ мондаанд. Барои иттилооти бештар вебсафҳаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада https://www.canada.ca/en/services/immigration-citizenship.html боздид кунед.

  • Лутфан диққат диҳед, ки дар вақте Рамазон, аз 23 апрел то 23 май соли 2020, Маркази дархост барои раводиди Канада аз соати 8:30 то 16:00 кор мекунад.

  • Лутфан диққат диҳед, ки барои довталабоне, ки шиносномаҳои беш аз як кишвар доранд:

    Аз Шумо пешбини шудааст, ки шумо дар тамоми раванди ҳуҷҷатсупорӣ танҳо як шиносномаро бо як шаҳрвандӣ истифода баред, аз он ҷумла ҳангоми бақайдгирии иттилооти биометрӣ.

    Агар шумо дар он лаҳзае, ки дар ин раванд ҳастед ва мехоҳед шиносномаи шаҳрвандии дигарро истифода баред, пас илтимос аризаи пештараи худро бозпас гиред ва онро бо истифода шиносномаи шаҳрвандии даркори аз нав фиристед.

  • Лутфан дар хотир доред, ки Маркази дархост барои раводиди Канада ба ҳеҷ ваҷҳ бо ҳеҷ ширкати дигар барои расонидани хидматҳои фаврӣ барои дархости раводид ҳамкорӣ намекунад.

    Танҳо Маркази дархост барои раводиди Канада ба Ҳукумати Канада хидматҳои истисноии худро оиди расонидани хидматҳои маъмури мисли ҷамъоварии аризаҳо барои дархости раводид дар Тоҷикистон ваколатдор аст ва Маркази дархост барои раводиди Канада ё ягон ширкати дигар наметавонад барои гирифтани раводид суръат бахшад.

    Лутфан ба вебсайти IRCC (Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада) муроҷиат кунед, то оиди вақти коркарди охирин маълумот дошта бошед.

  • Навсозии муҳим: 24-ми ва 31-ми декабр соли 2019 –
    Маркази дархост барои раводиди Канада соати 12:00 корашро анҷом медиҳад.
  • 08 августи соли 2019
    Фармоиш додани мулоқот барои сабти маълумоти биометрӣ ҳатмист