Барои дарёфти раводид дархост пешниҳод кунед

Маълумотдарбораиоғозкарданидархостихуд

  • Шахсан дархост пешниҳод намоед
  • Тавассути почта дархост пешниҳод намоед
  • Тариқи онлайн дархост пешниҳод намоед
  • Шиносномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигарро пешниҳод кунед
  • Пардохти ҳаққи хидматрасонӣ

Роҳнамои қадам ба қадам

Биёед мо шуморо бо ҷараёни пешниҳоди дархост шинос кунем 

  • Таҳқиқот

    Барои сафари худ раводиди муносибро интихоб намоед

    Қадами нахустин муайян кардан аст, ки ба шумо кадом навъи раводид лозим аст ва омӯхтан, ки оё шумо ҳақ доред барои дарёфти он дархост пешниҳод намоед

    Донистанатон низ зарур аст, ки ҳамроҳи дархостномаи худ шумо бояд кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунед, баррасии дархости шумо чанд муддат давом меёбад ва шумо барои хидматрасонӣ бояд чӣ қадар маблағ пардохт намоед.

    Ҳар як дархост бояд бо дастурамале мувофиқ бошад, ки барои категорияи раводиди шумо татбиқпазир аст.

    Visit Барои дастурамали муфассал аз вебсафҳаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада боздид кунед

    Шумо метавонед барои гирифтани маълумоти муфассал рӯи линкҳои зерин нохун занед:

    Раводиди резиденти муваққатӣ

    Иҷозатномаи таҳсил

    Иҷозатномаи кор

    Аризаҳо барои санади сафарии сокинони доимии Канада

    Якҷоя бо дархостномаи худ ба таври зарурӣ пур кардан ва имзо гузошта пешниҳод кардани Ризоиятномаи VFS ҳатмист.


  • Дархост пешниҳод кунед

    Корро рӯи дархости худ барои дарёфт намудани раводид оғоз кунед

    YШумо метавонед варақаи дархости раводидро боркашӣ кунед, онро пур кунед, варақаи пуркардаатонро чоп кунед ва онро бо худ барои пешниҳод ба Маркази дархости раводид биёред. Шумо низ метавонед дархости онлайнии худро бевосита ба Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада (Муҳоҷират, гуреза ва шаҳрвандӣ дар Канада - IRCC) пешниҳод кунед.

    Варақаи дархостро ба таври электронӣ пур кунед. Варақаи пуршуда (аз ҷумла варақаҳои дорои рамзбандии хат-хат ё штрихкод) бояд дар варақаи сафед, хушсифат ва ғайриҷилодор, бо истифода аз принтери лазерӣ чоп шавад. Лутфан боварӣ ҳосил намоед, ки штрихкоди 2D равшан ва дар коғази баландсифат чоп шудааст. Варақаҳои дастнавис қабул карда намешаванд.

    Шумо бояд мутобиқи рӯйхати санҷишии ҳуҷҷатҳо барои Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада ки ба категорияи раводиди шумо дахл доранд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро пешниҳод кунед. Агар шумо ҳамаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро, ҳамон тавре дар рӯйхати санҷишии ҳуҷҷатҳои расмӣ барои Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада зикр шудаанд, пешниҳод карда натавонед, шумо бояд варақаи дасткашӣ аз масъулиятро пур кунед, зери он имзо гузоред ва онро ба варақаи дархости худ замима намоед.

    Шумо бояд Сиёсати махфиятро aхонед ва ризоиятномаро пур карда, сипас онро ба варақаи дархости худ замима намоед. Агар шумо ризоиятномаи пуркардашуда ва имзогузоштаро бо дархости худ пешниҳод накунед, кормандони мо наметавонанд ба шумо кумак расонанд ва дархости шумо ба шумо баргардонида хоҳад шуд.


  • Мулоқотро фармоиш диҳед

    Маркази дархости раводидро интихоб кунед ва мулоқот таъйин намоед

    Баробари дархост намудани раводиди худ, шуморо зарур аст, ки барои гирифтани нақши ангуштҳо ва акс дар Маркази дархости раводид мулоқотро фармоиш диҳед Ин маълумот ҳамчун “маълумоти биометрӣ” маъмул аст.

    Баробари фармоиш додани мулоқоти худ, паёми тасдиқи мулоқотро ҳамроҳ бо мактуби таъйини мулоқот ба даст хоҳед овард.

    Агар шумо як ҷузъи оила ё гурӯҳ бошед, шуморо зарур аст, ки барои ҳар як аъзои оила ё гурӯҳ мулоқоти инфиродӣ фармоиш диҳед.

    Агар барои шумо пешниҳод намудани маълумоти биометриатон лозим набошад, барои боздид аз Маркази маҳаллии дархости раводиди Канада таъйин намудани мулоқот ҳоҷат нест. Танҳо дар вақти барои шумо муносиб ҳамроҳи шиноснома, суратҳо, варақаҳои пуркардашуда, боҷи Ҳукумати Канада ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандае, ки дар рӯйхати санҷишии Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада номбаршуда аз Маркази дархости раводид боздид кунед. Рӯйхати тафтишоти ҳуҷҷати IRCC.

    Барои фаҳмидан, ки оё ба шумо додани маълумоти биометрӣ зарур аст, лутфан боздид кунед аз
    http://www.cic.gc.ca/english/visit/biometrics.asp

  • Маблағи заруриро пардохт кунед

    Дар бораи маблағе маълумот гиред, ки шумо бояд пардохт намоед

    Баробари пур кардани дархости худ, шумо бояд маблағи баррасии дархост барои раводидро пардохт намоед. Агар хоҳед, ки варақаро боркашӣ намоед, онро чоп кунед ва ҳамроҳи худ ба Маркази дархости раводид биёред, пас шумо метавонед маблағро дар вақти мулоқоти худ пардохт намоед.

    Мутобиқи дастурамале, ки дар саҳифаи пардохти маблағи зарурӣ дар вебсафҳаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада инъикос шудааст, шумо бояд боҷи Ҳукумати Канада ва ҳаққи биометриро (агар лозим бошад) пардохт намоед. Вебсайти IRCC саҳифаи пардохтҳои шуморо пардохт мекунад.

  • Аз Маркази дархости раводид боздид кунед

    Ба мулоқоти ба нақша гирифташуда ҳозир шавед

    Агар дархости худро тариқи онлайн пешниҳод накарда бошед, шумо бояд варақаи пуркардашудаи дархости дарёфти раводидро шахсан дар Маркази дархости раводид пешниҳод намоед

    Огоҳ бошед, кидар Маркази дархости раводид кадом амалҳо сурат мегиранд..

    Агар ба шумо пешниҳод намудани маълумоти биометрӣ лозим набошад, лутфан аз Маркази дархости раводид ҳар вақт ҳангомисоатҳои корӣ боздид намоед..

    Баробари ворид шудан ба Маркази дархост барои раводиди Канада, дархост ва маълумоти биометрикии шумо (агар татбиқпазир бошад) ҷамъоварӣ хоҳад шуд. Маблағи дахлдори хидматрасониҳои Маркази дархости раводидро пардохт кунед ва расид (квитансия) гиред. Расиди мазкур силсиларақами ягонаи пайгирии дархости шуморо дорад, ки ба шумо барои пайгирӣ намудани пешрафти дархостатон тариқи онлайн ёрӣ хоҳад расонд.

  • Дархости худро пайгирӣ кунед

    Аз пешрафти дархости худ дар ҷараён бошед

    Шумо паёми электронии таҷдидшударо хоҳед гирифт, вақте қарор дар бораи дархости шумо ба Маркази дархости раводид ворид шудааст. Агар паём тариқи почтаи электронӣ ба осонӣ бароятон дастрас нашавад ё маълумоти бештар муфассали пайгириро ба даст овардан хоҳед, шумо низ метавонед маълумоти таҷдидшударо тариқи СМС бевосита ба телефони худ гиред. Тафтиш кунед, ки оё хидматрасонии мазкур дар Маркази дархости раводиде дастрас аст, ки шумо аз он боздид менамоед.

    Барои дарёфти маълумоти бештар аз саҳифаипайгирӣ кардани дархости худ боздид намоед.

  • Шиносномаи худро бозпас гиред

    Шиносномаи худро аз Маркази дархости раводид бозпас гиред

    Пас аз он, ки дар бораи дархости дарёфти раводид қарор қабул шуд, шумо метавонед ҳуҷҷатҳоятонро аз Маркази дархости раводид гиред ё ҳуҷҷатҳоятон тавассути қосид (курйер) бар ивази пардохти иловагӣ ба шумо баргардонида мешаванд. Тафтиш кунед, ки оё хидматрасонии мазкур дар Маркази дархости раводиде дастрас аст, ки шумо аз он боздид менамоед.

    Бо мақсади шахсан гирифтани лифофаи қарор аз Маркази дархости раводид, шумо бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунед:

    • Нусхаи мӯҳрдори саҳифаи биографии шиносномаи худ
    • Расиди аслии хидматрасониҳои Маркази дархости раводид, ки Маркази дархости раводид додааст
    • Ҳуҷҷати давлатии муайянкунандаи шахсият

    Шумо низ метавонед ягон нафарро барои гирифтани лифофаи қарор аз Маркази дархости раводид ваколатдор кунед. Намояндаи шумо бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

    • Варақаи ризоиятномаи имзошудаи хидматрасониҳои Маркази дархости раводид бо номи намоянда ва муносибати ӯ бо шахси дархостдиҳанда
    • Нусхаи саҳифаи мӯҳрдори биографии шиносномаи шахси дархостдиҳанда
    • Расиди аслии хидматрасониҳои Маркази дархости раводид, ки Маркази дархости раводид додааст
    • Ҳуҷҷати давлатии муайянкунандаи шахсият

    Аз назар гузаронидани маълумоти муфассал дар бораи раводиди содиршуда то таъмин шавад, ки он рӯзи вуруди пешниҳодшуда ба Канада эътибор дорад, шумораи вуруди тақозошаванда ва мақсади сафар масъулияти худи шумост. Шумо бояд ин тафсилотро дарҳол баъд аз гирифтани лифофаи қарор аз назар гузаронед. Давраи эътибор ва шумораи вурудро танҳо Раёсати суруди раводид муайян менамояд ва метавонад аз он чизе фарқ дошта бошад, ки шумо дар дархости худ талаб намудаед.

Ба пешниҳод намудани дархост омода ҳастед?

Ҷараёнидархостираводидрооғознамоедвасипас, бароибархурдоршуданазхидматрасониҳое, кимопешниҳодменамоем, босилсиларақамиягонаихудба VFS Global баргардед.

Роҳнамои қадам ба қадам

Биёед мо шуморо бо ҷараёни пешниҳоди дархост шинос кунем 

  • Таҳқиқот

    Барои сафари худ раводиди муносибро интихоб намоед

    Қадами нахустин муайян кардан аст, ки ба шумо кадом навъи раводид лозим аст ва омӯхтан, ки оё шумо ҳақ доред барои дарёфти он дархост пешниҳод намоед.

    Донистанатон низ зарур аст, ки ҳамроҳи дархостномаи худ шумо бояд кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунед, баррасии дархости шумо чанд муддат давом меёбад ва шумо барои хидматрасонӣ бояд чӣ қадар маблағ пардохт намоед.

    Ҳар як дархост бояд бо дастурамале мувофиқ бошад, ки барои категорияи раводиди шумо татбиқпазир аст.

    Барои дастурамали муфассал аз вебсафҳаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада Муҳоҷират, гуреза ва шаҳрвандӣ дар Канада (IRCC) боздид кунед

    Шумо метавонед барои гирифтани маълумоти муфассал рӯи линкҳои зерин нохун занед:

    Раводиди резиденти муваққатӣ

    Иҷозатномаи таҳсил

    Иҷозатномаи кор

    Аризаҳо барои санади сафарии сокинони доимии Канада

    Якҷоя бо дархостномаи худ ба таври зарурӣ пур кардан ва имзо гузошта пешниҳод кардани Ризоиятномаи VFS ҳатмист.

  • Дархост пешниҳод кунед

    Корро рӯи дархости худ барои дарёфт намудани раводид оғоз кунед

    Вақте, ки ба пешниҳод намудани дархост омода шудед, шумо бояд варақаи дархост and Ҳуҷҷати IRCC ва рӯйхати санҷишии Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канадаро, ки ба мақсади сафари шумо дахл дорад, боркашӣ кунед. Варақаи дархостро ба таври электронӣ пур кунед. Варақаи пуршуда (аз ҷумла варақаҳои дорои рамзбандии хат-хат ё штрихкод) бояд дар варақаи сафед, хушсифат ва ғайриҷилодор, бо истифода аз принтери лазерӣ чоп шавад. Лутфан боварӣ ҳосил намоед, ки штрихкоди 2D равшан ва дар коғази баландсифат чоп шудааст. Варақаҳои дастнавис қабул карда намешаванд.

    Шумо бояд мутобиқи рӯйхати санҷишии ҳуҷҷатҳо барои Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада , ки ба категорияи раводиди шумо дахл доранд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро пешниҳод кунед. Агар шумо ҳамаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро, ҳамон тавре дар рӯйхати санҷишии ҳуҷҷатҳои расмӣ барои Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада зикр шудаанд, пешниҳод карда натавонед, шумо бояд варақаи дасткашӣ аз масъулиятро, пур кунед, зери он имзо гузоред ва онро ба варақаи дархости худ замима намоед. Агар шумо ҳуҷҷатҳоро ҳамон тавре дар санади Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада зикр шудаанд, пешниҳод карда натавонед, он ба таъхирҳои иловагӣ ё радди дархости шумо барои раводид, иҷозатнома ё санади сафар натиҷа хоҳад дод.

    YШумо бояд Сиёсати махфиятрохонед ва ризоиятномаро пур кунед ва сипас онро ба варақаи дархости худ замима намоед. Агар шумо ризоиятномаи пуркардашуда ва имзогузоштаро бо дархости худ пешниҳод накунед, кормандони мо наметавонанд ба шумо кумак расонанд ва дархостатон ба шумо баргардонида хоҳад шуд.

    Агар тавассути почта ирсол намудани дархости худро интихоб кунед, шумо бояд ба бастаи дархости худ ҳуҷҷатҳои зеринро замима кунед:

    1. Варақаҳои татбиқпазири пуркардашуда

    2. Рӯйхати тафтишоти барномаи CVAC тавассути почта

    3. Рӯйхати санҷишии Маркази дархост барои раводиди Канада ҷиҳати тавассути почта фиристодани дархост

    4. Тасдиқи пардохти боҷи Ҳукумати Канада ва пардохт барои ҷамъоварии маълумоти биометрӣ (агар лозим бошад)

    5. Пардохти ҳаққи хидматрасони(ҳо)и Маркази дархости раводид дар шакли интиқоли бонкӣ, нақд ё пардохт тавассути корти дебитӣ/кредитӣ (агар татбиқпазир бошад) дар Маркази дархости раводид

    Агар бастаи дархости худро тавассути почта ба Маркази дархости раводид ирсол намоед, шумо боядабзори эътибори маълумоти биометриро истифода бурда, аз назар гузаронед, ки оё аз шумо сабт кардани маълумоти биометрӣ дар Маркази дархости раводид тақозо мешавад.

    Шумо метавонед варақаи дархости пуркардашудаву имзогузошта ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро дар дохили лифофаи мӯҳршуда тавассути почта ё қосид (курйер) ба нишонии зерин фиристед:

    Маркази дархост барои раводиди Канада
    Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Душанбе br /> Кӯчаи Азизбеков 22А, Гузаргоҳи дувум
    Душанбе, Тоҷикистон

    Баробари гирифтани огоҳинома барои сабти маълумоти биометрӣ, шумо бояд мулоқотро ба нақша гиред ва дар муддати 10 рӯзи корӣ барои мулоқот ба ҳамон Маркази дархости раводиде ҳозир шавед, ки дархости худро тавассути почта ирсол намудаед.

  • Мулоқотро фармоиш диҳед

    Маркази дархости раводидро интихоб ва мулоқотро таъйин намоед

    Баробари дархост намудани раводиди худ, шуморо зарур аст, ки барои гирифтани изи ангуштҳо ва сурат дар Маркази дархости раводид мулоқотро фармоиш диҳед. Ин маълумот ҳамчун ‘маълумоти биометрӣ’ маъмул аст.

    Баробари фармоиш додани мулоқоти худ, паёми тасдиқи мулоқотро ҳамроҳ бо мактуби таъйини мулоқот ба даст хоҳед овард.

    Агар шумо як ҷузъи оила ё гурӯҳ бошед, шуморо зарур аст, ки барои ҳар як аъзои оила ё гурӯҳ мулоқоти инфиродӣ фармоиш диҳед.

  • Маблағи заруриро пардохт кунед

    Дар бораи маблағе маълумот гиред, ки шумо бояд пардохт намоед

    Баробари пур кардани дархости худ, шумо бояд маблағи баррасии дархост барои раводидро пардохт намоед. Агар хоҳед, ки варақаро боркашӣ намоед, онро чоп кунед ва ҳамроҳи худ ба Маркази дархости раводид биёред, пас шумо метавонед маблағро дар вақти мулоқоти худ пардохт намоед.

    Мутобиқи дастурамале, ки рӯи саҳифаи пардохти маблағи зарурӣ дар вебсафҳаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада инъикос шудааст, шумо бояд боҷи Ҳукумати Канада ва ҳаққи сабти маълумоти биометриро (агар лозим бошад) ва ҳар гуна маблағи иловагии хидматрасониҳои VFS Global-ро мутобиқи саҳифаи ҳаққи хидматрасониҳо пардохт намоед.

  • Аз Маркази дархости раводид боздид кунед

    Ба мулоқоти ба нақша гирифташуда ҳозир шавед

    Агар дархости худро тариқи онлайн пешниҳод накарда бошед, шумо бояд варақаи пуркардашудаи дархости дарёфти раводидро шахсан ба Маркази дархости раводид пешниҳод намоед.

    Огоҳ бошед, кидар Маркази дархости раводид кадом амалҳо сурат мегиранд..

    Баррасии дархостҳои тавассути почта ирсолшуда дар Маркази дархост барои раводиди Канада:

    • Баробари гирифтани дархости тавассути почта ирсолшуда дар Маркази дархост барои раводиди Канада, дархост дар портали VFS Global сабт хоҳад шуд ва рақами пайгирӣ ва силсиларақами ягона барои дархости мазкур тавлид хоҳад шуд.
    • AПаёми худкор таҳия шуда, силсиларақам ва рақами пайгирии дархостро таъмин менамояд ё агар вуҷуд дошта бошад, аз нокифоя будани бастаи дархост хабардор менамояд. Агар нишонии почтаи электронӣ таъмин нашуда бошад, бо шумо тавассути рақами телефони додашуда тамос мегиранд.
    • Дархостҳои нопурра таҳти баррасӣ боқӣ хоҳанд монд ва дархостдиҳандагонро зарур аст, ки тафсилоти/ҳуҷҷатҳои нокифояро дар муддати 10 рӯзи корӣ пешниҳод намоянд. Агар дархост дар давоми 10 рӯз пурра пешниҳод карда нашавад, бастаи дархост баргардонида хоҳад шуд.
    • Агар варақаи дархост ё тафсилоти дар он инъикосшуда нодуруст ё нопурра бошад, дархостдиҳанда имконият дорад, ки варақаи дуруст ва пуркардашудаи дархостро ирсол намояд ё хидматрасонии иловагиро дар Маркази дархости раводид истифода бурда, дархостро бо истифода аз компютери худхидматрасон пур кунад.
    • Агар шумо маблағи хидматрасонии Маркази дархост барои раводиди Канада ва ҳаққи хидматрасониҳои иловагиро напардохта бошед, шумо имконият доред, ки пардохти маблағи дахлдорро дар шакли расиди интиқоли бонкӣ тавассути почта фиристед ё маблағро дар шакли нақд дар Маркази дархости раводид дар вақти таъйин намудани сабти маълумоти биометрӣ пардохт кунед.
    • Агар шумо маблағи хидматрасонии Маркази дархост барои раводиди Канада ва ҳаққи хидматрасониҳои иловагиро напардохта бошед, шумо имконият доред, ки пардохти маблағи дахлдорро дар шакли расиди интиқоли бонкӣ тавассути почта фиристед ё маблағро дар шакли нақд дар Маркази дархости раводид дар вақти таъйин намудани сабти маълумоти биометрӣ пардохт кунед.
  • Дархости худро пайгирӣ кунед

    Аз пешрафти дархости худ дар ҷараён бошед

    Шумо паёми электронии таҷдидшударо хоҳед гирифт, вақте қарор дар бораи дархости шумо ба Маркази дархости раводид ворид шудааст. Агар паём тариқи почтаи электронӣ ба осонӣ бароятон дастрас нашавад ё маълумоти бештар муфассали пайгириро ба даст овардан хоҳед, шумо низ метавонед маълумоти таҷдидшударо тариқи СМС бевосита ба телефони худ гиред. Тафтиш кунед, ки оё хидматрасонии мазкур дар Маркази дархости раводиде дастрас аст, ки шумо аз он боздид менамоед.

    Шумо паёми электронии огоҳиномаеро дар давоми ду (2) рӯзи қабули дархостатон хоҳед гирифт, ки силсиларақами пайгирии дархости шуморо инъикос менамояд.

    Шумо метавонед ирсоли дархости худро бо ширкати почта ё ирсолкунандае пайгирӣ намоед, ки барои пешниҳод намудани дархост(ҳо)ятон ба Маркази дархост барои раводиди Канада истифода бурдаед.

    Барои дарёфти маълумоти бештар аз саҳифаипайгирӣ кардани дархости худ pбоздид намоед.

  • Шиносномаи худро бозпас гиред

    Шиносномаи худро аз Маркази дархости раводид бозпас гиред

    Пас аз он, ки дар бораи дархости дарёфти раводид қарор қабул шуд, шумо метавонед ҳуҷҷатҳоятонро аз Маркази дархости раводид бозпас гиред ё ҳуҷҷатҳоятон тавассути қосид (курйер) бар ивази пардохти иловагӣ ба шумо баргардонида мешаванд.

    Шахсан бозпас гирифтани ҳуҷҷатҳо: расиде, ки Маркази дархости раводид додааст ва ҳуҷҷати ҳукуматии муайянкунандаи шахсиятро бо худ биёред. Агар рухсат дода шавад, шумо метавонед барои бозпас гирифтани ҳуҷҷатҳоятон намоянда фиристед; намоянда бояд ваколатномаи аз ҷониби шумо имзошударо пешниҳод намояд, расиде, ки Маркази дархости раводид ба шумо додааст ва ҳуҷҷати ҳукуматии муайянкунанддаи шахсиятро бо худ биёрад.

    Лутфан, дар бораи вақти мулоқоти шумо барои имкониятҳои дастраси бозпас гирифтани ҳуҷҷатҳоятон бо Маркази дархости раводид тамос гиред.

    Агар шахсан ё тавассути намояндаи ваколатдор бозпас гирифтани ҳуҷҷатҳоятонро интихоб кунед, шумо огоҳиномаи электрониро хоҳед гирифт, ки ба шумо дар бораи аз Маркази дархост барои раводиди Канада бозпас гирифтани ҳуҷҷатҳоятон машварат медиҳад.

Ба пешниҳод намудани дархост омода ҳастед?

Ҷараёнидархостираводидрооғознамоедвасипас, бароибархурдоршуданазхидматрасониҳое, кимопешниҳодменамоем, босилсиларақамиягонаихудба VFS Global баргардед.

Роҳнамои қадам ба қадам

Биёед мо шуморо бо ҷараёни пешниҳоди дархост шинос кунем 

  • Таҳқиқот

    Барои сафари худ раводиди муносибро интихоб намоед

    Қадами нахустин муайян кардан аст, ки ба шумо кадом навъи раводид лозим аст ва омӯхтан, ки оё шумо ҳақ доред барои дарёфти он дархост пешниҳод намоед.

    Донистанатон низ зарур аст, ки ҳамроҳи дархостномаи худ шумо бояд кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунед, баррасии дархости шумо чанд муддат давом меёбад ва шумо барои хидматрасонӣ бояд чӣ қадар маблағ пардохт намоед.

    Ҳар як дархост бояд бо дастурамале мувофиқ бошад, ки барои категорияи раводиди шумо татбиқпазир аст.

    Барои дастурамали муфассал аз вебсафҳаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада Муҳоҷират, гуреза ва шаҳрвандӣ Канада - IRCC's s боздид кунед

    Шумо метавонед барои гирифтани маълумоти муфассал рӯи линкҳои зерин нохун занед:

    Раводиди резиденти муваққатӣ

    Иҷозатномаи таҳсил

    Иҷозатномаи кор

    Аризаҳо барои санади сафарии сокинони доимии Канада

  • Дархост пешниҳод кунед

    Корро рӯи дархости худ барои дарёфт намудани раводид оғоз кунед

  • Мулоқотро фармоиш диҳед

    Маркази дархости раводидро интихоб ва мулоқотро таъйин намоед

    Баробари дархост намудани раводиди худ, шуморо зарур аст, ки барои гирифтани изи ангуштҳо ва сурат дар Маркази дархости раводид мулоқотро фармоиш диҳед Ин маълумот ҳамчун ‘маълумоти биометрӣ’ маъмул аст.

    Баробари фармоиш додани мулоқоти худ, паёми тасдиқи мулоқотро ҳамроҳ бо мактуби таъйини мулоқот ба даст хоҳед овард.

    Агар шумо як ҷузъи оила ё гурӯҳ бошед, шуморо зарур аст, ки барои ҳар як аъзои оила ё гурӯҳ мулоқоти инфиродӣ фармоиш диҳед.

    Мактуби таъйини мулоқот силсиларақам дошта, дар баробари дигар маълумоти дахлдор, тафсилоти таърихи рӯз, вақт ва макони мулоқотро таъмин менамояд.

    Агар аз шумо пешниҳод намудани маълумоти биометрӣ тақозо нашавад, шуморо зарур аст, ки мунтазири қарор дар бораи дархости худ шавед ё суратҳисоби “MyCIC”-и худро барои дастурамалҳои баъдӣ аз назар гузаронед.

    Агар аз шумо пешниҳод намудани маълумоти биометрӣ баъд аз пешниҳоди бомуваффақияти дархости электронӣ (E-Application) тақозо шавад, шумо огоҳиномаеро дар шакли мактуби дастурамали биометрӣ (Biometric Instruction Letter – BIL) хоҳед гирифт. Баробари гирифтани BIL, шуморо зарур аст, ки барои пешниҳод намудани маълумоти биометрӣ аз Маркази дархости раводид боздид кунед.

  • Маблағи заруриро пардохт кунед

    Дар бораи маблағе маълумот гиред, ки шумо бояд пардохт намоед


    Баробари пур кардани дархости худ, шумо бояд маблағи баррасии дархост барои раводидро пардохт намоед.

    Мутобиқи дастурамале, ки дар вебсафҳаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада инъикос шудааст, шумо бояд боҷи Ҳукумати Канада ва ҳаққи сабти маълумоти биометриро (агар лозим бошад) пардохт намоед. Вебсайти IRCC.

  • Аз Маркази дархости раводид боздид кунед

    Ба мулоқоти ба нақша гирифташуда ҳозир шавед

    Шуморо зарур аст, ки варақаи дархости пурраи раводидро тариқи онлайн пешниҳод намоед.

    Огоҳ бошед, кидар Маркази дархости раводид кадом амалҳо сурат мегиранд.

    Баробари ба анҷом расонидани сабти маълумоти биометрӣ, шумо расидеро хоҳед гирифт, ки тасдиқ менамояд маълумоти биометрии шумо дар Маркази дархост барои раводиди Канада ҷамъоварӣ шудааст.

    Баробари қабули қарор оид ба дархости шумо дар мавриди дарёфти раводид, шумо тавассути почтаи электронӣ барои пешниҳод намудани шиносномаи худ тавассути мактуби дархости шиноснома огоҳонида хоҳед шуд. Агар шумо бовар надошта бошед, ки паёмҳои электронӣ аз Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада ба шумо ирсол хоҳанд шуд, лутфан барои маълумоти таҷдидшуда давра ба давра суратҳисоби “my CIC”-и худро тафтиш кунед.

    Баробари дарёфти мактуби дархости шиноснома, шуморо зарур аст, ки шиносномаи аслии худро якҷоя бо мактуби дархости шиноснома ба Маркази дархости раводид пешниҳод кунед.

    Барои гирифтани роҳнамои пурра атрофи чӣ гуна пешниҳод намудани шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, лутфан ба қисми болоии саҳифаи мазкур назар андозед.

Ба пешниҳод намудани дархост омода ҳастед?

Ҷараёнидархостираводидрооғознамоедвасипас, бароибархурдоршуданазхидматрасониҳое, кимопешниҳодменамоем, босилсиларақамиягонаихудба VFS Global баргардед.

Шиносномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигарро пешниҳод кунед

Агар шумо аз Ҳукумати Канада огоҳиномаи дархост намудани шиносномаатонро гиред, шумо бояд ё:

  1. Тариқи онлайн дар шакли E-app дархост пешниҳод кардаед ё;
  2. Шумо дархосткунандаи раводиди резиденти доимӣ буда, дархости шумо ниҳоӣ шудааст ва ҳоло пешниҳод намудани шиноснома тақозо мешавад. Шумо бояд ҳуҷҷатҳои иловагӣ ва/ё шиносномаро якҷоя бо мактуби дархости Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада ба Маркази дилхоҳи дархост барои раводиди Канада пешниҳод намоед.

Ҳангоми пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ ва/ё шиноснома дар ҳар гуна Маркази дархост барои раводиди Канада шумо бояд маблағи хидматрасонии интиқоли бастаро пардохт намоед, агар аз ҳамон як Маркази дархост барои раводиди Канада боздид накунед, ки аввал маълумоти биометрии худро пешниҳод карда будед ва қаблан ҳуҷҷатҳои иловагӣ ва/ё шиносномаро барои тасдиқ намудани дархости кунунии худ пешниҳод накардаед.

Шумо бояд варақаи ризоиятномаи VFS Global-ро пешниҳод намоед, агар дар Маркази дархости раводид аз хидматрасониҳои иловагӣ истифода бурданӣ бошед.

  1. Агар шумо ҳуҷҷатҳои иловагӣ ва/ё шиносномаи худро ба Маркази дархост барои раводиди Канада бе пардохти татбиқпазири маблағи хидматрасонии интиқоли баста ё бе варақаи ризоиятномаи VFS тавассути почта пешниҳод намоед, бастаи дархости шумо нопурра ҳисобида хоҳад шуд. Шуморо лозим аст, ки маблағи пардохтнашудаи хидматрасонии интиқоли бастаро дар муддати 10 рӯзи корӣ пардохт намоед. Пардохт нашудани маблағи хидматрасонии интиқоли баста дар давоми 10 рӯзи корӣ ба он натиҷа хоҳад дод, ки бастаи дархост ба шумо баргардонида мешавад.
  2. Шахсан пешниҳод кардани дархост – Шуморо зарур аст, ки шиносномаи аслии худро якҷоя бо мактуби дархости шиноснома ба Маркази дархости раводид биёред. Барои пешниҳод намудани шиносномаи худ ба Маркази дархости раводид, шумо бояд барои интиқоли баста маблағи хидматрасониро пардохт намоед.
  3. 3.Тавассути намояндаи ваколатдор – Шумо бояд шиносномаи аслии худро якҷоя бо мактуби пешакӣ чопшудаи дархости шиноснома ва варақаи ризоиятномаи ба таври зарурӣ пуркардашудаи VFS Global барои намояндаи ваколатдорро ба Маркази дархости раводид ирсол намоед. Барои пешниҳод намудани шиносномаи худ ба Маркази дархости раводид, шумо бояд барои интиқоли баста маблағи хидматрасониро пардохт намоед.

Барои маълумоти пурра дар бораи маблағи хидматрасониҳои Маркази дархости раводид, лутфан рӯи маблағи хидматрасониҳо дар қисми болоии саҳифаи мазкур нохун занед.

Агар шумо дархосткунандаи раводиди резиденти доимӣ бошед ва дархости шумо ниҳоӣ шуда бошад, аз шумо талаб хоҳад шуд, ки шиносномаи худ,  сурат мутобиқи мушаххасоти lаз ҷониби Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада муқарраршуда ва Замимаи B-и пуркардашударо низ пешниҳод намоед. Шуморо зарур аст, ки дастурамалҳои ба шумо ирсолшударо барои маълумоти пурра ва роҳнамоӣ аз назар гузаронед. Пешниҳод намудани шиносномаи худ дар Маркази дархости раводид пардохт кардани маблағи хидматрасонии интиқоли бастаро дар пай дорад.

Баробари анҷом додани ҷараёни пешниҳоди шиноснома, ба шумо расиде дода хоҳад шуд, ки маблағи умумии пардохтшударо бар асоси хидматрасониҳои иловагии дар Маркази дархости раводид истифодабурдаатон инъикос менамояд. ICR низ силсиларақами дархост ва рақами пайгириеро хоҳад дошт, ки шумо метавонед барои тариқи онлайн пайгирӣ кардани дархост истифода баред.

Баробари бозпас ирсол шудани шиноснома аз Раёсати судури раводиди Канада ба Маркази дархости раводид шумо метавонед ё:

  1. Шиносномаро шахсан дар Маркази дархост барои раводиди Канада бозпас гиред. Шумо бояд ҳуҷҷати боэътибори тасдиқкунандаи шахсият ва расидеро бо худ биёред, ки ҳангоми пешниҳоди дархост дар Маркази дархост барои раводиди Канада дода шудааст.
  2. Ягон шахсеро ваколатдор намоед, ки шиносномаро аз номи шумо бозпас гирад. Барои иҷрои ин кор, шумо бояд варақаи ризоиятномаи VFS Global-ро пур кунед ва боварӣ ҳосил намоед, ки намояндаи ваколатдори шумо ҳуҷҷати давлатии эътибордоштаи тасдиқкунандаи шахсият ва ҳуҷҷати эътибордоштаи тасдиқкунандаи шахсияти шуморо якҷоя бо расиде бо худ биёрад, ки ҳангоми пешниҳоди дархост дар Маркази дархост барои раводиди Канада дода шудааст;
  3. Шиносномаи шумо ба макони дилхоҳи шумо интиқол дода шавад. Шумо метавонед хидматрасониҳои иловагиеро аз назар гузаронед, ки наздиктарин Маркази дархости раводиди шумо пешниҳод менамояд.

Пардохти ҳаққи хидматрасонӣ

Пардохти ҳаққи хидматрасонӣ effective 01 November 2020

Агар барои шумо пешниҳод намудани маълумоти биометриатон лозим бошад, нархи сабти маълумоти биометрӣ бо арзиши 85.00 доллари Канада (барои як нафар) / 170.00 доллари Канада (барои оилаи иборат аз 2 нафар ё бештар) / 255.00 доллари Канада (барои гурӯҳи ҳунарпешагони/сарояндагони иборат аз 3 нафар ё бештар) маблағи хидматрасонии

Ҳамаи дархостдиҳандагоне, ки дархости коғазиро (бо ё бе маълумоти биометрӣ) пешниҳод менамоянд, пардохт намудани маблағи хидматрасонии кумак – маблағи дархости коғазӣ зарур хоҳад буд.

Агар ба шумо пешниҳод намудани маълумоти биометрӣ лозим набошад ва шумо шиноснома ва/ё ҳуҷҷатҳоро дар Маркази дархости раводид пешниҳод кунед, маблағи интиқоли бастаи дархост пардохт хоҳад шуд.

Методҳои пардохт

Дар Тоҷикистон тариқи онлайн пардохт намудани боҷи Ҳукумати Канада ҳатмист. Дар бораи чӣ гуна пардохт намудани боҷи Ҳукумати Канада тавассути боздид намудан аз саҳифаи онлайнии Нархномаи хидматрасониҳои Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада маълумот гиред.

Пардохти ҳаққи хидматрасониҳои Маркази дархост барои раводиди Канада ва хидматрасониҳои иловагии интихобӣ/p>

  • • Шахсан – корти кредитӣ / корти дебитӣ ё пардохт тавассути бонки маҳаллии “Аввалин бонки молиявии хурд”
  • • Тавассути почта – маблағро бо интиқоли бонкӣ ба суратҳисоби “Аввалин бонки молиявии хурд” ва бо доллари амрикоӣ метавон пардохт кард.

    Тафсилот барои интиқоли бонкӣ дар зер оварда шудааст: Қабулкунандаи пардохт: Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, Рақами суратҳисоб: 20214840318210000614, Бонки қабулкунанда: Филиали “Аввалин бонки молиявии хурд” дар шаҳри Душанбе Нишонии бонк: кӯчаи Шевченко 113, шаҳри Душанбе, Тоҷикистон

Барои ҳар гуна бозпас пардохтани маблағҳое, ки ба Ҳукумати Канада пардохт шудаанд, лутфан барои дархост намудани бозпас пардохтани маблағ аз Ҳукумати Канада ин ҷо нохун занед.

Пардохти ҳаққи хидматрасониҳое, ки дар Маркази дархости раводид пешниҳод мешаванд:

Нархномаи хидматрасонӣ (барои як дархостдиҳанда)

Маблағ бо доллари Канада (бо шумули ААИ)

Маблағ бо доллари амрикоӣ (бо шумули ААИ)

Интиқоли бастаи дархост (барои як баста)

$98.82

76.19

Хидматрасонии кумак – варақаҳои онлайнӣ (eTA) (барои як варақа)

$3.00

2.31

Хидматрасонии кумак – дархостҳои коғазӣ (барои як дархост)

$21.77

16.79

Хидматрасонии кумак – сканнинг (барои як саҳифа)

$2.15

1.66

Компютери худхидматрасон (барои як соат)

$17.50

13.49

Фотонусхабардорӣ (барои як саҳифа)

$0.19

0.14

Чоп (барои як саҳифа)

$0.42

0.32

Хидматрасонии ирсоли паёмак (SMS) (барои як дархостдиҳанда)

$3.00

2.31

*Маблағи ҳаққи хидматрасониҳо ҳамаи андозҳои татбиқпазири маҳаллиро дар бар мегирад ва мутобиқи огоҳиномаи ҳукумат тағйирпазир аст.

**Қурби мубодилаи доллари Канадаро Ҳукумати Канада муайян менамояд.

Нархномаи нави хидматрасониҳо 1-уми ноябри соли 2020 эътибор пайдо кардааст. Рӯзи пешниҳод барои дархостҳое, ки тавассути почта ирсол шудаанд, рӯзе хоҳад буд, ки Маркази дархости раводид дархостро қабул менамояд. Агар дархости тавассути почта ирсолшуда қабул шуда бошад ва пардохти дурусти ҳаққи кунунии хидматрасониҳоро дар бар нагиред, бо дархостдиҳанда барои пардохт намудани фарқият тамос гирифта хоҳад шуд ё дархост ба дархостдиҳанда баргардонида хоҳад шуд.

Барои маълумоти пурра дар бораи хидматрасониҳои иловагие, ки дар Маркази дархости раводид пешниҳод мешаванд, лутфан ин ҷо нохун занед. ин ҷо нохун занед.

Аллакай барои дарёфти раводид дархост пешниҳод кардаед?

Ин ҷо боз кадом амалҳои дигарро метавонед анҷом диҳед

Мулоқотро фармоиш диҳед

Мулоқоти худро бо мо ба нақша гиред

Дархости худро пайгирӣ кунед

Аз вазъи дархости худ дар ҷараён бошед

Марказро пайдо кунед

Маълумот дар бораи маркази маҳаллии шумо

Хидматрасониҳорохаридорӣкунед

Аз барномаи қулай ва боҳашаматтар баҳра баред бештар мӯҳташам баҳра бардоред.