Дархости худро барои раводид ба куҷо пешниҳод кунам?
Шумо метавонед дархости худро ба Маркази дархост барои раводиди Канада пешниҳод кунед. Дархостҳоро ба Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада бо истифода аз Системаи онлайнии Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрандии Канада оид ба пешниҳоди дархост (E-Apps) метавон пешниҳод кард.
Оё ягон шахси дигар метавонад аз номи ман дархост пешниҳод намояд?
Шумо метавонед намояндаеро таъйин кунед, ки аз номи шумо дархост пешниҳод намояд. Барои анҷом додани ин кор, лутфан Варақаи истифодаи намояндаро [IMM 5476] ва Варақаи ризоиятномаи Маркази дархост барои раводиди Канадаро (қисми Ризоиятнома барои ҷамъоварии бавосита) пур кунед.
Оё ман бояд барои додани изи ангуштҳо ва сурат шахсан биравам ҳар вақте, ки дархости худро пешниҳод менамоям?
Шуморо зарур аст, ки ҳангоми пешниҳоди дархост барои дарёфти раводиди истиқомати муваққатӣ, иҷозатномаи таҳсил ё иҷозатномаи кор, иттилооти биометрии худро танҳо як маротиба дар давоми 10 сол пешниҳод намоед.
Довталабони истиқомати доимӣ бояд бо ҳар як дархост иттилоотии биометриро супоранд.
Барои фаҳмидан, ки оё ба шумо додани маълумоти биометрӣ зарур аст, лутфан боздид кунед аз http://www.cic.gc.ca/english/visit/biometrics.asp.
Баъди ба кайд гирифтани маълумоти биометрӣ, чанд муддат ин маълумот дар махзани иттилоотӣ нигоҳ дошта мешавад?
Аз 31-ми июл соли 2018, маълумоти биометрӣ дар давоми даҳ сол эътибор дорад. Агар довталаб иттилооти биометрии худро дар гузашта ба қайд гирифта бошад, ин маълумот дар давоми даҳ сол аз санаи бақайдгирӣ эътибор дорад. Муддати эътибори раводид ё иҷозатнома аз муддати эътибори иттилооти биометрӣ зиёд буда наметавонад. Довталабони истиқомати доимӣ бояд бо ҳар як дархост иттилооти биометриро супоранд.
Дар холате, ки Шумо дар муддати 10 сол шаҳрвандии Канадаро дарёфт кардед, изи ангуштонатон аз махзан нобуд карда мешавад.
Оё барои ман пешниҳод намудани маълумоти биометрӣ барои дархости раводидам зарур аст?
Барои фаҳмидан, ки оё ба шумо додани маълумоти биометрӣ зарур аст, лутфан боздид кунед аз http://www.cic.gc.ca/english/visit/biometrics.asp.
Оё барои додани маълумоти биометрӣ дар Маркази дархост ба раводиди Канада таъйин кардани мулоқот зарур аст?
Аз 02 ноябри соли 2019 эътибор дошта, таъйини мулоқоти пешакӣ барои сабти маълумоти биометрӣ дар Маркази дархост барои раводиди Канада дар Тоҷикистон ҳатмист.
Барои фаҳмидан, ки оё ба шумо додани маълумоти биометрӣ зарур аст, лутфан боздид кунед аз
http://www.cic.gc.ca/english/visit/biometrics.asp.
Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, ки VFS Global иттилооти шахсии дархостдиҳандаро танҳо бо мақсади ба нақша гирифтани мулоқот ҷамъоварӣ хоҳад кард. Дар ин робита, аз дархостдиҳанда пур кардани ризоиятнома тақозо хоҳад шуд.
Ман чӣ гуна метавонам маблағи раводиди Канадаро пардохт намоям?
Боҷи Ҳукумати Канадаро тариқи онлайн тавассути вебсафҳаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада бо истифода аз корти кредитӣ ё корти дебитӣ аз Бонки Канада тавассути INTERAC® метавон пардохт кард. Барои тариқи онлайн пардохт кардани боҷи Ҳукумати Канада лутфан ин ҷо нохун занед. нохун занед.
Ман чӣ гуна метавонам ҳаққи хидматрасонии Маркази дархост барои раводиди Канадаро пардохт намоям?
Дастурамал барои пардохт кардани ҳаққи хидматрасониҳои Маркази дархост барои раводиди Канада:
Тавассути почта
Қабулкунандаи пардохт: Созмони Байналмилалии Муҳоҷират
Рақами суратҳисоб: 20214840318210000614
Бонки қабулкунанда: Филиали “Аввалин бонки молиявии хурд” дар шаҳри Душанбе
Нишонии бонк: кӯчаи Шевченко 113, шаҳри Душанбе, Тоҷикистон
Барои дастурамали пурра оид ба пардохт кардани боҷи Ҳукумати Канада ва ҳаққи хидматрасониҳои Маркази дархости раводид лутфан ин ҷо нохун занед
Пас аз пешниҳоди дархости худ, кадом тартиби корӣ амалӣ хоҳад шуд?
Баробари ба Маркази дархост барои раводиди Канада пешниҳод намудани дархости худ, кормандони Маркази дархост барои раводиди Канада бар асоси талаботи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада пуррагии дархостро тафтиш намуда, сипас дархостатонро аз номи шумо пешниҳод мекунанд.
Баробари қабул кардани қарор оид ба дархости шумо, Раёсати судури раводиди Канада сипас шиносномаи шуморо ба Маркази дархости раводид ба таври эмин ирсол хоҳад кард, ки шуморо тавассути методи дилхоҳи коммуникатсия бо шумо аз ин огоҳ менамояд. Иттилооти таҷдидшуда дар Системаи онлайнии пайгирии ариза низ таъмин карда хоҳад шуд, ки шиносномаи шумо барои баргардонидан омода аст. Баъд аз ин, шумо метавонед барои гирифтани шиносномаи худ ба Маркази дархост барои раводиди Канада муроҷиат кунед ё тартиби ирсоли онро ба нишонии худ фармоиш диҳед.
Ба ман кадом навъи раводид лозим аст?
Навъи раводиде, ки ба шумо зарур аст, аз мақсади сафари шумо ба Канада вобаста мебошад. Барои дарёфти маълумоти бештар дар бораи навъҳои раводид, лутфан ба вебсафҳаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада муроҷиат кунед. Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада.
Ман чӣ гуна метавонам вазъи дархости худро пайгирӣ кунам?
Вазъи дархости худро тавассути нохун задан ба рӯи “Дархости худро пайгирӣ кунед” пайгирӣ метавон кард, ки дар қисми чапи ин саҳифа ҷойгир аст. “Дархости худро пайгирӣ кунед”.
Ман чӣ гуна метавонам шиносномаи худро бозпас гирам?
Шиносномаи худро шахсан ё тавассути намояндаи ваколатдор аз Маркази дархост барои раводиди Канада гиред.
Барои бозпас гирифтани шиносномаи худ кадом ҳуҷҷатҳо заруранд?
Агар шиносномаи худро шахсан гирифтанӣ бошед, шумо бояд ҳуҷҷатҳои зеринро бо худ оред:
1. Шиносномаи миллии аслии худ ё ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи расмии шахсияти шумо, ки сурат дорад
2. Рӯйхати санҷишии дархост, ки аз ҷониби СБМ ҳангоми ба Маркази дархост барои раводиди Канада пешниҳод кардани дархости худ, ба шумо дода шудааст
3. Нусхаи шиносномаи суратдори худ
Баррасии дархост чанд муддат сурат хоҳад гирифт?
Барои замони охирини баррасии дархостҳо лутфан аз вебсафҳаи Раёсати маҳаллии судури раводидҳо боздид кунед.
Оё зарур хоҳад буд, ки барои мусоҳиба аз Раёсати судури раводиди Канада боздид намоям?
Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада метавонад аз шумо талаб кунад, ки барои мусоҳиба ба Раёсати судури раводиди Канада ташриф оред. Маркази дархост барои раводиди Канада бо шумо тамос хоҳад гирифт ё эҳтимол аст Раёсати судури раводидҳо бевосита бо шумо тамос гирад ва тавассути иттилооти таҷдидшуда дар Системаи онлайнии пайгирии ариза низ огоҳ карда хоҳед шуд.
Барои иттилооти бештар бо кӣ метавонам тамос гирам?
Шумо метавонед ба телефони тамос муроҷиат кунед, ки дар Маркази дархост барои раводиди Канада фаъол аст (лутфан ба “Бо мо тамос гиред” дар қисми чапи ин саҳифа муроҷиат кунед) ё ба таври алтернативӣ аз вебсафҳаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада боздид намоед.
WБарои ман кадом хидматрасониҳои иловагӣ дастрасанд?
Бо мақсади роҳату осон кардани пешниҳоди дархостҳо, Маркази дархост барои раводиди Канада силсилаи хидматрасониҳои иловагиро мисли нусхабардорӣ, кӯмак барои ворид кардани иттилоот (кӯмак барои пур кардани варақаҳо) ва ғайраҳоро амалӣ менамояд. Барои тафсилоти пурра ва нархҳо лутфан ба “Хидматрасониҳо ва ҷадвали ҳаққи хидматрасонӣ” муроҷиат кунед.
Ман нақша дорам барои таҳсил ба муддати камтар аз шаш моҳ ба Канада сафар кунам, вале тамдид намудани мӯҳлати таҳсилам дар назар аст. Кадом навъи аризаро бояд пешниҳод кунам?
Лутфан муроҷиат кунед ба: https://www.canada.ca/en/immigration-refugees-citizenship/services/study-canada/study-permit/eligibility.html