Дар бораи мо

Мо кистем?

Мутобиқи шартномае, ки Ҳукумати Канада бастааст, VFS Global хидматрасониҳои дастгирии дархост барои дарёфти раводиди Канадаро тавассути шабакаи Марказҳои дархост барои раводиди Канада таъмин менамояд.

Ин шабакаи ҷаҳонии Марказҳои дархост барои раводиди Канада ба дархостдиҳандагон тавассути равиши созгори хидматрасонӣ, ки ба ҷамъоварии маълумоти биометрӣ низ кумак мерасонад, дастрасии афзуда ва хидматрасониҳои мукаммали маъмуриро таъмин хоҳад кард.

TМаркази дархост барои раводиди Канада ба Ҳукумати Канада хидматҳои истисноии худро таъмин намуда, дар қабули аризаҳо барои ҳамаи категорияҳои истиқомати муваққатӣ (раводидҳои меҳмонӣ, иҷозатномаҳои таҳсил ва кор) ва аризаҳо барои ҳуҷҷати сафарӣ аз сокинони доимии Канада ваколатдор аст.

TМаркази дархост барои раводиди Канада ба таъмини маълумот ё ҷавоб додан ба ҳар гуна саволҳо дар робита бо аризаҳои сокинони доимӣ ва хидматрасонии мутааллиқ ба консулии Канада ваколатдор нест. Ин экспресс-вуруди муҳоҷирони соҳибихтисос, дастгирии аризадиҳии онлайнӣ, шаҳрвандии Канада ва дигар маълумоти махсус оид ба варақаҳои дархости раводид, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ё ҳар гуна машварати дигарро оид ба ҷараёни дархости раводид дар бар мегирад. Барои иттилооти бештар дар бораи ин барномаҳо аз вебсафҳаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада https://www.canada.ca/en/services/immigration-citizenship.html боздид кунед.

Қарори додан ё рад кардани раводиде танҳо аз ҷониби маъмурони бахши муҳоҷирати Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада (Immigration, Refugees and Citizenship Canada – IRCC), мутобиқи қоидаву дастурамалҳои судури раводидҳои муҳоҷиратии Канада қабул карда мешавад. Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, ки VFS Global, аз ҷумла Маркази дархост барои раводиди Канада, на агент ва на намояндаи Ҳукумати Канада аст. Маркази дархост барои раводиди Канада ба натиҷаи ниҳоии ариза нақше надорад ё ба он таъсир расонида наметавонад ва ягон машварати арзёбикунандаро пешниҳод нахоҳад кард.

Барои дарёфти маълумоти бештар, лутфан боздид кунед vfsglobal.com

Огоҳинома аз қаллобӣ дар соҳаи муҳоҷират!

Аз пешниҳодҳои фиребомези ҷои кор эҳтиёткор бошед. Барои тафсилоти бештар, ин ҷо нохун занед

Кӣ қарор мебарорад, ки оё ман раводид мегирам ё не?

Дархости шумо оид ба дарёфти раводид аз ҷониби Ҳукумати Канада баррасӣ хоҳад шуд, ки нисбат ба дархости шумо ҷиҳати дарёфти раводид ҳамаи қарорҳоро қабул менамояд. VFS Global ва кормандони он дар ин раванд ягон нақш намебозанд ё ба натиҷаи дархости шумо ҷиҳати дарёфти раводид таъсир намерасонанд. VFS Global танҳо метавонад хидматрасониҳоро таъмин намуда, боварӣ ҳосил намояд, ки дархости шумо барои дарёфти раводид дуруст пур ва пешниҳод шудааст.