Дасткашӣ аз масъулият, Сиёсати махфият

Дасткашӣ аз масъулият

Муқаррароти зерин ба ҳамаи дархостдиҳандагоне татбиқ мешавад, ки хидматрасониҳоро дар Марказ(ҳо)и дархост барои раводиди Канада, хоҳ бо ҳузури шахсӣ ё хоҳ тавассути почта татбиқпазир бошад, интихоб кардаанд ё ният доранд интихоб кунанд.

VFS Worldwide Holdings Ltd (минбаъд “VFS” номида мешавад) ширкати таъминкунандаи хадамоти аутсорсингшудаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада (“IRCC”) мебошад. Дар мақоми мазкур, VFS Марказ(ҳо)и дархост барои раводиди Канадаро ба воситаи филиалҳо ё шарикони худ идора мекунад ва ваколатдор аст барои Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада уҳдадориҳои маъмурии Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канадаро вобаста ба раводиди резиденти муваққатӣ, дархости дарёфти иҷозатномаҳо ва дархости ҳуҷҷатҳои сафарӣ барои резидентҳои доимии Канада иҷро намояд. Дархостдиҳандагон ризоият медиҳанд ва дарк мекунанд, ки маблағҳои пардохтшуда ба VFS барои хидматрасониҳое, ки дархостдиҳандагон истифода мебаранд, дар ҳеҷ сурат баргардонида намешаванд.

Дархостдиҳандагон эътироф менамоянд, ки Идораи масъул ба раводиди Канада ҳуқуқеро ҳифз менамояд, ки бо мақсади қабули қарор оид ба дархостҳои дарёфти раводид ҳуҷҷатгузорӣ ё мусоҳибаи бештарро талаб намояд.

VFS уҳдадор намешавад ва кафолат намедиҳад ба:

  1. Натиҷаи ҳар гуна дархост.
  2. Бар истиснои ҳолатҳое, ки дар санади мазкур бевосита пешбинӣ шудаанд, VFS, масъулият бар дӯш надорад ва аз ин рӯ, ҳамаи масъулиятҳоро нисбат ба ҳар гуна ҷароҳат, талаф ё зиёни дорои ҳар гуна шакл, ки аз ҳар гуна таъхир дар баррасӣ ё рад кардани дархости дарёфти раводид бармеояд, истисно менамояд.
  3. Дар ҳоле, ки ҳангоми муносибат бо ҳуҷҷатҳои дархостдиҳанда, аз ҷумла шиносномаҳо, тадбирҳои эҳтиёткории оқилона андешида мешаванд, VFS, хоҳ дар шартнома, садамаву хисорот ё хоҳ бо ҳар гуна роҳи дигар, дар назди дархостдиҳандагон барои ҳар гуна осеб, талаф ё зиёни дорои ҳар гуна шакл ҷавобгар ё масъул нест (бар истиснои ҳолатҳое, ки дар зер зикр шудаанд), ки бармемоянд аз:

  1. Сарукор доштани Марказ(ҳо)и дархост барои раводиди Канада ва зерпудратчиёни он бо шиносномаҳо ва ҳуҷҷатҳо;
  2. Ҳар гуна хидматрасониҳои дорои арзиши изофӣ, ки дархостдиҳандагон истифода мебаранд.
  3. AКори Худованд;
  4. Ҳар гуна ҳодисаи нохун ё дуздӣ дар ҳар гуна миқдор;
  5. Ҳар гуна вазъияти дигаре, ки аз Марказ(ҳо)и дархост барои раводиди Канада ва зерпудратчиёни он(ҳо) вобаста нест.

Дар сурати гум шудан ё зиён дидани шиноснома ҳангоми интиқол аз ҷониби курйер ва ё ҳангоми ихтиёрдории VFS ва/ё Марказ(ҳо)и дархост барои раводиди Канада, зерпудратчиёни ваколатдори он, масъулияти VFS ва/ё Марказ(ҳо)и дархост барои раводиди Канада, зерпудратчиёни ваколатдори он бо пардохт намудани маблағи расмие маҳдуд мешавад, ки танҳо бо тартиби муқаррарии пешниҳод намудани ариза аз ҷониби мақомоти дахлдори расмӣ барои иваз кардани шиносномаҳо ва раводидҳои гумшуда ё зиёндида ситонида мешавад. VFS ва/ё Марказ(ҳо)и дархост барои раводиди Канада, зерпудратчиёни ваколатдори он барои ҳар гуна талафот ё зиёни баъдие, ки бо сабаби гум шудан ё зиён дидани шиноснома ё ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ӯ ба дархостдиҳанда расидааст, ҷавобгар ё масъул нестанд.

Ҳамаи маблағҳо барои хидматрасониҳое, ки Маркази дархости раводид таъмин менамояд, ва дар вебсафҳаи “Хидматрасониҳо ва ҷадвали ҳаққи хидматрасониҳо” рӯйхат шудаанд, баргардонида намешаванд.

VFS дар вебсафҳаи мазкур линкҳоеро ҷойгир кардааст, ки ба вебсафҳа(ҳо)и дигар роҳнамоӣ карда, дархостдиҳандагон метавонанд аз онҳо боздид намоянд. VFS чунин вебсафҳаҳоро мавриди бознигарӣ қарор намедиҳад ва аз рӯи муҳтавои онҳо назорат намекунад. Аз ин рӯ, VFS масъулиятеро бар дӯш намегирад, агар дархостдиҳандагон аз чунин вебсафҳаҳо боздид кунанд ва хидматрасониҳои онҳоро истифода баранд. Баъд аз он, ки дархостдиҳандагон ба вебсафҳаи дигар муроҷиат менамоянд, онҳо низ таҳти эътибори шарту шароитҳои вебсафҳаи мазкур қарор мегиранд. Ҳамзамон, қайд кардан муҳим аст, ки ягон корманд / зерпудратчии VFS барои тағйир додан, ворид кардани ислоҳот ва илова кардан ба муҳтавои дар санади мазкур зикршуда ҳуқуқ ё ваколате надорад.

Шартҳои мазкурро аз ҳама ҷиҳат қонунҳои маҳаллӣ танзим мекунанд ва ҳар гуна баҳсе, ки аз ин шартҳо бармеоянд, таҳти баррасии юрисдиксияи истисноии судҳои маҳаллӣ қарор мегирад.

Сиёсати махфият

Миқёс

Хидматрасониҳои VFS Global (минбаъд “VFS” номида мешавад) пудратчии Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада буда, ба иҷро намудани уҳдадориҳои маъмурии вобаста ба дархостҳои дарёфти раводиди резиденти муваққатӣ, дархости дарёфти иҷозатномаҳо ва дархости ҳуҷҷатҳои сафарӣ ваколатдор аст. Ин тавзеҳоти риояи махфият шарҳ медиҳад, ки VFS маълумоти шахсиро аз афроде (минбаъд “Дархостдиҳанда(гон)” номида мешаванд), ки барои дарёфти раводидҳо ва иҷозатномаҳо дархост пешниҳод менамоянд, чӣ гуна ҷамъоварӣ менамояд, истифода мебарад, ошкор ва идора мекунад ва онҳоро барои мақсадҳои дар зер баёншуда ба мақомоти дахлдор дастрас менамояд.

Мақсади ҷамъоварӣ кардан ва истифода бурдани иттилооти шахсӣ

Маълумоти шахсиро метавон ҷамъоварӣ кард барои:

  • Баррасии дархостҳо барои дарёфти раводиди резиденти муваққатӣ, иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои сафарӣ;
  • Посух додан ба дархостҳо оид ба вазъи баррасии ариза;
  • Пайгирӣкарданидархостҳоs; and
  • Посух додан ба дархостҳои дархостдиҳандагон (ба таври коллективӣ “Хидматрасониҳо” номида мешавад)

VFS танҳо маълумоти шахсиро аз дархостдиҳандагон бо мақсади иҷрои хидматрасониҳо ҷамъоварӣ менамояд. Пешниҳод намудани иттилооти шахсӣ ба VFS ихтиёрист. Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, ки даст кашидан аз додани иттилооти шахсӣ метавонад қобилияти моро дар таъмин намудани хидматрасониҳои талабшуда маҳдуд кунад. Иттилооти шахсӣ бевосита аз дархостдиҳандагон ё намояндаи ваколатдор аз номи дархостдиҳандагон ҷамъоварӣ карда мешавад. Дар сурати ризоияи мустақим ё ғайримустақим, агар ин татбиқпазир бошад, дархостдиҳанда бояд ризоияти худро тавассути варақаи ризоиятнома диҳад.

Ҷараёни пешниҳод намудани дархостing: AАз дархостдиҳандагон дар варақаи дархост барои дарёфти раводид таъмин намудани маълумоти муайяни шахсӣ метавонад талаб шавад, аз ҷумла ном, сурат, нишонӣ, таърихи таваллуд, рақами телефон, маълумот дар бораи шиноснома, шаҳодатномаи таваллуд, даромад, шаҳрвандӣ, вазъи оилавӣ ва шуғл, маълумоти пасзаминавӣ оид ба ҷиноят ва таҳсилот. Чунин иттилооти шахсӣ барои интиқол додан ба Ҳукумати Канада ва/ё Раёсатҳои дахлдори судури раводиди Канада ҳамроҳи иттилооте ҷамъоварӣ мешавад, ки барои баррасӣ кардани дархостҳои дархостдиҳандагон ҷиҳати дарёфти раводидҳо ва иҷозатномаҳо заруранд. Чунин иттилооти шахсӣ низ барои баргардонидани шиноснома ва ҳуҷҷатҳои дархостдиҳандагон истифода хоҳад шуд, вақте дархост аз ҷониби Раёсати судури раводиди Канада бо тартиби дар вақти пешниҳоди дархост муқарраршуда баррасӣ шудааст.

Вазъи дархост: : Дархостдиҳандагон бояд тавассути телефон ном, силсиларақам ё рақами ягонаи пайгирии дархостро зикр намуда, дар бораи вазъи дархости худ барои дарёфти раводид, иҷозатнома ва ҳуҷҷати сафарӣ маълумоти таҷдидшударо ба даст оранд.

Пайгирии онлайнии дархост:: Аз дархостдиҳандагон тақозо мешавад, ки таърихи таваллуд ва силсиларақами пайгириро бо мақсад пайгирии вазъи дархости худ ба вебсафҳаи мо ворид намоянд.

Пурсуҷӯҳои дархостдиҳанда: : Иттилооти муайяни маҳдуди шахсӣ мисли насаб, таърихи таваллуд, рақами телефон, нишонии кӯча, нишонии почтаи электронӣ, таърихи додани дархост ва силсиларақами пайгирӣ метавонад ҷамъоварӣ шавад, агар шумо бо мо тавассути телефон бо саволе ё тавзеҳоте тамос гиред. Лутфан, таваҷҷӯҳ намоед, ки мукотибот тавассути почтаи электронӣ наметавонад амн бошад. Ҳангоми коммуникатсия тавассути почтаи электронӣ ё телефон дархостдиҳандагон набояд иттилооти шахсие мисли рақами шиносномаро таъмин намоянд. Мо тавсия медиҳем, ки дархостдиҳандагон набояд хусусияти мушаххаси хидматрасонӣ ё дархости тақозошударо ошкор кунанд, ки тавассути почтаи электронӣ мукотиба шудааст.

Ошкорсозии иттилооти шахсӣ: : VFS иттилооти шахсиро ошкор намекунад, ба савдо намегузорад, ба иҷора намедиҳад, намефурӯшад ё ба таври дигар интиқол намедиҳад, бар истиснои ҳолатҳое, ки дар санади мазкур ё дар мувофиқа бо Ҳукумати Канада муқаррар шудаанд. Иттилооти шахсии шумо танҳо барои мақсадҳои дар санади мазкур зикршуда истифода хоҳад шуд. Аз VFS ошкор намудани иттилооти шахсӣ вақте талаб мешавад, ки қонун инро тақозо менамояд, вақте ин амал барои иҷрои фармони суд, ҳар гуна мурофиаи ҷараёндоштаи судӣ ё дигар ҷараёни ҳуқуқие, ки ба он VFS ҷалб шудааст ё амалисозии ҳуқуқҳои қонунӣ ё муҳофизат аз даъвоҳои судӣ, тафтишоти ҷиноӣ, масъалаҳои судӣ, амнияти миллӣ ё пешгирӣ, тафтишот, ошкорсозӣ, таъқиби фаъолиятҳои ҷиноӣ зарур аст

Интиқоли иттилоот ба Канада: : Иттилооти шахсие, ки VFS ҷамъоварӣ мекунад, ба Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада, ки дар Канада ҷойгир аст, бо мақсади баррасии дархост ё дар ҳолатҳои дигар, барои таъмин намудани хидматрасониҳои зарурӣ интиқол дода мешавад. Иттилоот дар шакли электронӣ дар пойгоҳҳои иттилоотии VFS ба таври муваққатӣ нигоҳ дошта хоҳад шуд, ки дар марказҳои дар Канада воқеъбудаи коркарди иттилоот ҷойгиранд. Иттилооти биометрие, ки VFS аз дархостдиҳандагон ҷамъоварӣ менамояд, бевосита ба Ҳукумати Канада дар Канада интиқол дода мешавад.

Тартиби интиқоли иттилоот аз ҷониби таъминкунандаи хидматрасонӣ: : VFS метавонад иттилооти шахсии шуморо ба ҷонибҳои севуме интиқол диҳад (ё ба таври дигар дастрас намояд), ки хидматрасониҳоро аз номи мо таъмин менамоянд. Масалан, мо метавонем таъминкунандагони хидматрасониро барои расонидани хидматҳои курйерӣ истифода барем. Иттилооти шахсие мисли ном, нишонӣ, рақами телефон метавонанд ба таъминкунандагони хидматрасониҳои курйерӣ дода шаванд. Иттилооти шахсӣ бо таъминкунандагони СМС-хидматрасониҳо мубодила карда намешавад. Иттилооти шахсии шуморо таъминкунандагони хидматрасониҳое метавонанд нигоҳ доранд ё коркард кунанд, ки берун аз ҳудуди Канада ҷойгиранд. Ба таъминкунандагони хидматрасониҳо иттилооте дода мешавад, ки барои иҷрои уҳдадориҳои бар дӯш гирифтаи онҳо зарур аст ва мо онҳоро ваколатдор намекунем, ки иттилооти шахсиро барои мақсадҳои худ истифода баранд ё ошкор намоянд.

Кукиҳо (Cookies)

Кукиҳо файлҳо ё пораҳои иттилооте ҳастанд, ки метавонанд дар системаи шумо ё дастгоҳҳои бо интернет фаъолшаванда ҳифз шаванд, вақте шумо аз вебсафҳаи VFS боздид мекунед. Баробари дастрасӣ ёфтани шумо ба вебсафҳаи VFS, шумо ризоият медиҳед, ки мо файлҳои кукиро истифода барем. Агар шумо ба файлҳои кукиро истифода бурдани мо ризоият надиҳед, шумо набояд вебсафҳаи моро истифода баред. Агар файлҳои кукие, ки мо истифода мебарем, қатъ карда шаванд, ин метавонад ба интерфейси истифодабарандаи вебсафҳаи мо таъсир расонад. VFS файлҳои кукиро барои соддатар кардани истифодаи вебсафҳа истифода мебарад. Мо наметавонем шуморо аз иттилооти мазкур шахсан муайян намоем.

  • Вебсафҳаи VFS функсияҳои муайянеро пешниҳод менамояд, ки танҳо ба воситаи истифодаи файлҳои куки дастрасанд.
  • Файлҳои куки ба муайян кардани дархостдиҳандагон ё истифодабарандагони вебсафҳа ва ҳифз кардани вазъи вуруди онҳо ёрӣ мерасонанд.
  • Аксарияти файлҳои куки “файлҳои сессионӣ” буда, чунин маънӣ доранд, ки ҳангоми анҷом ёфтани сессия онҳо ба таври автоматӣ аз дискрони сахти (hard drive) дархостдиҳанда / истифодабарандаи вебсафҳа пок карда мешаванд. “Файлҳои доимии куки” ҳангоми боздиди сершумор аз вебсафҳаи мо дар ҷой боқӣ мемонанд.
  • Дархостдиҳанда/истифодабарандаи вебсафҳа ҳамеша дар рад кардани файлҳои куки озод аст, агар веб-браузери ӯ ба ин иҷозат диҳад, ҳарчанд иҷрои чунин амал метавонад ба истифодаи вебсафҳа аз ҷониби дархостдиҳанда ё истифодабарандаи вебсафҳа халал расонад.
  • • Дархостдиҳанда/истифодабарандаи вебсафҳа метавонад аз ҳар гуна линк ё ҷонибҳои севум дар саҳифаҳои муайяни вебсафҳа бо файлҳои куки тасодуфан вохурад, ки аз ихтиёрдории VFS берун аст, мисли линкҳо ба вебсафҳаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада ва/ё ҳар гуна линкҳои дигаре, ки аз ҷониби Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада, VFS ва ҷонибҳои пудратчӣ, мудирон, филиал(ҳо) ва ғайра ваколатдор шудаанд, ба вуруди спам иҷозат намедиҳанд. Истифодабаранда(гон) иҷозатнома (литсензия) ва ҳуқуқ надоранд, ки вебсафҳаи VFS ё муҳтавои дар он инъикосёфтаро илова кунанд, тағйир диҳанд, таҳриф намоянд, шикананд, мавриди сӯиистифода ё корбурди беҷо қарор диҳанд. Барои ба VFS гузориш додани ҳар гуна масъалаи вобаста ба спам ё мактубҳои электронии тақаллубона, лутфан муроҷиати худро ба communications@vfsglobal.com ирсол намоед communications@vfsglobal.com
  • Дархостдиҳанда/истифодабарандаи вебсафҳа ҳуқуқ надорад, воситаҳои коммуникатсия ё вебсафҳаи VFS-ро барои фиристодани спам ё ба таври дигар ирсол намудани муҳтавое, ки созишномаи корбарии моро нақз мекунад, истифода барад. VFS паёмҳоро барои ошкорсозии вирусҳо ва дигар муҳтавои ғайриқонунӣ ё мамнӯъшуда пеш аз фиристодани онҳо филтр ва ба таври автоматӣ скан мекунад. VFS паёмҳои электрониро ба он ё аз ҷониби он, ки тавассути қолибҳои (форматҳои) гуногун фиристода мешаванд, ба таври доимӣ ҳифз намекунад. VFS ҳар гуна нишониҳои почтаи электрониро аз ё ба ҷонибҳои севум иҷора намедиҳад ё намефурӯшад.

Амният

VFS тадбирҳоеро амалӣ кардааст, ки барои ёрӣ расонидан ба ҳифзи иттилооти шахсии таҳти ихтиёрдорӣ ё назорати мо қарордошта тарҳрезӣ шудаанд. Мо кафолатҳои оқилонаи маъмурӣ, техникӣ, ҷисмонӣ ва ташкилиро бо талоши ёрӣ расонидан ба муҳофизат аз дастрасӣ, истифода, тағйирдиҳӣ ва ошкорсозии беиҷозати иттилооти шахсии таҳти ихтиёрдорӣ ва назорати мо қарордоштаро татбиқ мекунем.

RНигоҳдорӣ ва нобудсозӣ

AБастаҳои дархосте, ки аз дархостдиҳандагон ҷамъоварӣ мешаванд, аз ҷониби VFS нусхабардорӣ карда ё нигоҳ дошта намешаванд. Ҳар гуна ҳуҷҷати дигар, нусхаҳои чопӣ, варақаҳо ё сабтҳои дигаре, ки иттилооти шахсӣ доранд, тавассути ҷараёни бехатари поракунӣ дар муддати сӣ (30) рӯзи ба дархостдиҳанда бозпас додани шиноснома нобуд карда хоҳад шуд.

Иттилооти шахсии дархостдиҳандаро дар шакли электронӣ ба муддати ҳадди аксар сӣ (30) рӯз баъд аз бозпас додани шиноснома ва ҳуҷҷатҳо ба дархостдиҳанда метавон нигоҳ дошт, то ба дархостдиҳандагон ёрӣ расонида шавад, агар онҳо бо саволҳои иловагӣ бо мо тамос гиранд. VFS иттилооти шахсӣ ё таҷҳизоту абзорҳоеро, ки барои ҳифзи иттилооти шахсӣ истифода мешаванд, ба таври бехатар ихтиёрдорӣ ё нобуд мекунад. Ҳангоми ихтиёрдорӣ ё нобуд кардани иттилооти шахсӣ, VFS барои пешгирӣ кардани дастрасии беиҷозати ҷонибҳо ва ҳангоми ихтиёрдории таҷҳизот ё абзорҳое, ки барои ҳифзи иттилооти шахсӣ истифода мешаванд (мисли ҷевонҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, компютерҳо, дискетаҳо ва аудионаворҳо) тадбирҳои дахлдор меандешад, барои бартараф ё нобуд кардани ҳар гуна иттилооти ҳифзшуда тадбирҳои муносиб меандешад ё дастрасии ҷонибҳои беиҷозатро ба таври дигар пешгирӣ менамояд.

Масъалаҳои ҳуқуқӣ

Дар ҳолати нақзи созишнома ё қонуншиканӣ ё ҳамон тавре қонунгузории татбиқшаванда ба таври дигар тақозо менамояд ё иҷозат медиҳад, VFS ва таъминкунандагони хидматрасониҳои он метавонанд иттилооти шахсии шуморо дар посух ба ордери кофтуков ё дигар дархост ё ордери аз нигоҳи қонунӣ боэътибор ё ба мақомоти тафтишотӣ диҳанд. VFS низ метавонад иттилооти шахсиро ошкор намояд, агар ин барои муқарраркунӣ, амалисозӣ ё муҳофизати даъвоҳои қонунӣ ё ҳамон тавре қонун ба таври дигар иҷозат медиҳад, зарур бошад.

TЛинкҳои ҷониби севум

Вебсафҳаи мо метавонад ба сайтҳои дигар линкҳое дошта бошад, ки VFS соҳибӣ ё идора намекунад, мисли линкҳо ба вебсафҳаҳои Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада ё ҳар гуна дигар линкҳое, ки Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада ваколатдор кардааст ва ғайра. Мо чунин линкҳоро барои роҳат будани истифода таъмин мекунем ва ин бар он ишора намекунад, ки VFS ҳатман бо чунин вебсафҳаҳои дигар алоқамандӣ дорад. На VFS, на маъмурони расмӣ, кормандон, агентҳои он барои дигар вебсафҳаҳо ё ҳар гуна иттилооте, ки дар онҳо инъикос шудааст ва ҳеҷ яке аз онҳоро VFS ё филиалҳои он таъйид ё тасдиқ накардааст, ҳар гуна уҳдадорӣ ё масъулияти дорои ҳар гуна хусусиятро надоранд.
TВебсафҳаҳои алоқаманд баёнияҳои махфият, огоҳиномаҳо ва шартҳои алоҳидаву мустақили истифодаро доранд, ки ба шумо бодиққат аз назар гузаронидани онҳоро тавсия медиҳем. Мо аз рӯи чунин вебсафҳаҳо назорат намекунем ва аз ин рӯ, барои истифодаи иттилооти шахсӣ дар вебсафҳаҳои алоқаманд уҳдадорӣ ё масъулиятеро бар дӯш надорем.

Дастрасӣ ба иттилооти шахсии шумо

Шумо ҳуқуқ доред, ки нодурустиҳо дар иттилооти шахсии таҳти ихтиёрдорӣ ва назорати мо қарордоштаро дастрас, таҷдид ва ислоҳ кунед. Шумо низ метавонед тавассути дархост бо почтаи электронӣ ё навиштан ба мо тавассути иттилооти тамоси дар зер овардашуда дастрас, таҷдид ва ислоҳ кардани нодурустиҳоро дархост намоед.

VVFS барои эътиборпазирӣ ё дурустии иттилооте, ки дархостдиҳанда таъмин намудааст, масъул нест. Боварӣ ҳосил намудан, ки иттилооти ба VFS таъминшуда дақиқ аст, масъулияти худи дархостдиҳанда аст.

Ҳуқуқ ба даст кашидан (бозпас хондани ризоият): :

VFS ба махфияти шумо эҳтиром мегузорад ва ба шумо имконият медиҳад, ки иттилоот ё маълумотеро пешниҳод накунед, ки бояд пешниҳод карда шавад. Шумо метавонед ризоияти худро, ки пештар дода шудааст, бозпас хонед. Вале дар ин бора VFS-ро ба таври хаттӣ хабардор кардан зарур аст. Баъд аз он, ки дархостдиҳанда ризоияти худро бозпас хондааст, VFS дигар ҳаргиз қодир нест, ки ӯро бо хидматрасониҳои дастгирии маъмурии Маркази дархост барои раводиди Канада таъмин намояд.

Тағйирот ба ин сиёсати махфият

Лутфан, таваҷҷӯҳ намоед, ки сиёсати махфият бо мурури замон метавонад таҷдид шавад ва мо ба дархостдиҳандагон тавсия медиҳем, ки барои дастрас кардани навтарин баёнияи сиёсати мазкур аз вебсафҳаи мо пайваста боздид кунанд.

CБо мо тамос гиред

Агар дар бораи сиёсати махфияти мазкур ё амалҳои дар он тавсияшуда ягон савол дошта бошед, шумо метавонед барои дарёфти маълумоти бештар ба privacy@vfsglobal.com нависед. .

Шикоятҳо ва дархостҳо

Шумо метавонед шикоятҳо ё дархостҳоро дар бораи таҷрибаҳои идоракунии иттилоот дар созмонро ба маъмури масъалаҳои махфият бо нишонии privacyofficer@vfsglobal.com ирсол намоед. Шумо низ ҳуқуқ доред шикоятҳоро ба Раёсати Комиссияи масъалаҳои махфияти Канада бо нишонии https://www.priv.gc.ca/en/ фиристед.

Аз пешниҳодҳои фиребомези ҷои кор эҳтиёткор бошед

Fraudulent Recruitment / Employment Offers

Ширкати VFS Global ба далеле таваҷҷӯҳ намудааст, ки афрод худро нодуруст ҳамчун агентҳо ё намояндагони VFS Global муаррифӣ намуда, ба одамон тавассути пешниҳод кардани имкониятҳои фиребомези/сохтакоронаи шуғл бо нияти дуздидани иттилооти шахсӣ ё тамаъҷӯӣ ба пули одамон муроҷиат кардаанд. Мо ба шумо тавсия медиҳем, ки ҳангоми гирифтани чунин пешниҳоди таъмини кор, ки пардохт намудани ҳар гуна маблағ/пулро тақозо менамояд ё бар ивази пул раводиди кориро ваъда медиҳад, эҳтиёткор бошед ва ақли солимро кор фармоед. Пешниҳодҳои мазкур комилан қаллобонаанд ва эътибор надоранд. VFS Global агентии бо кор таъминкунанда нест ва чунин хидматрасониҳои бокортаъминкуниро пешниҳод намекунад. Қаллобон асосан ба воситаи интернет, почтаи электронӣ, телефон ва ғайра амал мекунанд. Мо одамонро огоҳ мекунем, ки аз чунин қаллобон эҳтиёткор бошанд.

Таваҷҷӯҳи шуморо ба он ҷалб менамоем, VFS Global ширкати коркарди раводид аст ва мо танҳо бо намояндагиҳои ҳукуматӣ ва дипломатӣ ҳамкорӣ намуда, талаботи маъмурии онҳоро оид ба коркарди дархостҳои дарёфти раводид иҷро мекунем. На VFS Global ва на намояндагони он дар ҳеҷ сурат, хоҳ дар VFS Global бошад хоҳ берун аз он, аз афрод пул пурсида, онҳоро бо имкониятҳои таъмини кор васваса намекунанд. Агар шумо ягон пешниҳоде гиред, ки гӯё аз VFS Global омада бошад ва пардохти маблағро тақозо намояд, чунин навъи пешниҳодҳо фиребомезанд.

Нишонаҳои огоҳкунанда аз бокортаъминкунии фиребомез

Дар зер баъзе мисолҳои амалҳои қаллобии бокортаъминкунӣ омадаанд, ки ҷараёнҳо ва амалияҳои ахлоқии VFS Global-ро нақз мекунанд:

  • Паёми электронӣ на аз нишонии расмии почтаи электронии VFS Global, балки аз хидматрасонии озоди почтаи электронӣ фиристода шудааст, мисли: Hotmail, Gmail, Outlook, Yahoo ва ғайра. Инчунин имконпазир аст, ки паёми электронӣ аз нишонии тақаллубии почтаи электронӣ фиристода шавад.
  • Аз шумо талаб мешавад, ки иттилооти шахсӣ ё махфиро ошкор кунед.
  • Аз шумо талаб мешавад, ки тавассути телефон ё барномаи мубодилаи паёмҳои бетаъхир ирсолшаванда аз мусоҳиба гузаред.
  • Аз шумо талаб мешавад, ки маблағ/пул пардохт намоед..
  • Аз шумо талаб мешавад, ки ҳуҷҷатҳои тақаллубии бокортаъминкуние мисли варақаҳои дархости раводид ё раводиди кориро пур кунед (ном ва логотипи VFS Global метавонад тақаллубӣ/сохтакорӣ шавад ё беиҷозат дар ҳуҷҷатҳо ҷой дода шавад).
  • Пофишорӣ ба таъҷилӣ будани иҷрои амал.
  • Барои баррасӣ кардани иҷозатномаҳои кор, дархостҳо барои дарёфти раводид ва монанди инҳо пул талаб хоҳад шуд.

Чунин амалҳо эҳтимолан ба фиреб додан ё ба даст овардани иттилооти шахсӣ аз ҷабрдидагон равона шудаанд.

Фаъолиятҳои афроди мазкур ҷавобгариҳои ҷиноятӣ ва шаҳрвандиро дар пай доранд. Дар ҳоле, ки VFS Global нисбат ба масъалаи мазкур муносибати ҷиддӣ дорад ва ҳуқуқеро ҳифз менамояд, ки барои тафтишу таъқиб кардани фаъолиятҳои ғайриқонунӣ бо мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ тамос гирад, бештари вақтҳо пайдо кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани чунин афрод мушкил аст.

Аз ин рӯ, ё ба таври хаттӣ ё шифоҳӣ, барои пешниҳоди мусоҳиба ё ҷои кор дархосте гиред, ки ба андешаи шумо фиребомез ё шабҳаомез аст ё эҳтимол аст чунин бошад, лутфан ба онҳо аҳамият надиҳед. Шумо низ метавонед онҳоро бо VFS Global тавассути нишонии communications@vfsglobal.com санҷида бароед.

Агар шумо огоҳ шавед, ки қаллобӣ содир шуда истодааст, тавсия медиҳем, ки бетаъхир ба полиси маҳалли худ ва/ё ҳар гуна мақомоти салоҳиятдор тамос гиред ва моро тавассути гузориш додани қаллобӣ аз тариқи acco@vfsglobal.com

Дар ҳеҷ сурат, VFS Global барои ҳар гуна талафот, зиёнҳо, хароҷот ё нороҳатиҳое, ки аз чунин шахсон ва/ё фаъолиятҳои бесалоҳият натиҷа мегиранд, ҷавобгар ё масъул нест.