Дархости худро пайгирӣ кунед

Шумо метавонед танҳо хидматрасонии “Пайгирӣ кардани дархости худ”-ро истифода баред, агар шумо аллакай дархости дарёфти раводидро дар Маркази дархост барои раводиди Канада пешниҳод карда бошед ва расиди тасдиқкунандаро бо силсиларақами пайгирӣ гирифта бошед. Ин хидматрасонӣ дар бораи макони кунунии дархости шумо вале на марҳилаи дақиқи ҷараёни баррасии дархост маълумот медиҳад.

Шумо метавонед дархости худро тавассути онлайн / веб-чат / рақами телефони кумак / почтаи электронӣ пайгирӣ кунед. Барои тариқи онлайн пайгирӣ кардани дархости худ, шумо бояд силсиларақами пайгириро ҳамон тавре дар расиди аз Маркази дархости раводид дарёфткардаатон инъикос шудааст ва таърихи таваллудатонро ворид кунед.

Дар зер методҳои пайгирӣ кардани дархости худ омадаанд:

  • Вебсафҳа:
  • ин ҷо нохун занед Барои дархостҳое, ки дар ё баъд аз 02 ноябри соли 2019 пешниҳод шудаанд, ин ҷо нохун занед

  • Веб-чат:Ин ҷо нохун занед
  • Email: Ба нишонии электронии info.cantajiom@vfshelpline.com мактуб нависед
  • Рақами телефони кумак: +992427811145
  • Барои пайгирии дархост аз Маркази дархости раводид боздид кунед:

    Маркази дархост барои раводиди Канада, кӯчаи Азизбеков 22А, Гузаргоҳи дувум, Душанбе, Тоҷикистон

  • Шумо метавонед СМС-хидматрасонии VFS Global-ро истифода бурда, аз вазъи дархости худ бохабар бимонед. Вале хидматрасонии мазкур бо пардохти маблағи иловагӣ дастрас аст.

    Баробари арзёбӣ шудани дархости шумо аз ҷониби Раёсати судури раводиди Канада, онҳо қарор қабул хоҳанд кард ва ба шиносномаи шумо варақаи раводидро мечаспонанд ё мактубе содир карда, шарҳ медиҳанд, ки чаро наметавонанд раводид диҳанд. Раёсати судури раводиди Канада шиносномаи шуморо ба Маркази дархост барои раводиди Канада бармегардонад ва баъдтар, шуморо аз вазъи дархостатон тавассути методи афзалиятдоштаи коммуникатсия хабардор мекунад.

    Низоми онлайнии пайгирии дархост шуморо огоҳ менамояд, ки шиносномаи шумо барои бозпас гирифтан кай омода мешавад. Шуморо зарур аст, ки ҷиҳати бозпас гирифтани шиносномаи худ ба Маркази дархост барои раводиди Канада биёед.